Мезанад борон ба шиша
Тора-тора, ришта-ришта.
Шеърҳоям нимкора,
Саргузаштам нонавишта.
Мезанад борон ба шиша
Ҳамчу ангушти фаришта.
Хотиротам мисли борон
Бигзарад аз кӯҳу пушта.
Мезанад борон ба шиша
Қарзхоҳона думушта.
Ҷомҳоям нимахурда,
Зиндагиям бесаришта.
Ними умрам монда ё на,
Нимаи хубаш гузашта.
Дафтарам холист, холӣ
Чун заминҳои накишта.
Бигзарам ман ҳам чу борон
Як замон з-ин кӯҳу пушта.
Ман биҳишта оламеро
Ё маро олам биҳишта...
Ёбадам як рӯз борон
Аз сари олам гузашта,
Ё наканда қарзи дилро,
Ё васият нонавишта...
Дар хонаи чашми ту
Як оташи сӯзон аст.
Ё шуълаи меросӣ
Аз оташи суғдон аст.
То кай мана сӯзонӣ,
Эй ёри зарафшонӣ?
Чашмони ту оташбор,
Рухсори ту оташгун.
Ними ҷигарам бирён,
Ними ҷигарам шуд хун.
Дарди мана медонӣ,
Эй ёри зарафшонӣ?
Парвоз кунам доим
Дар партави ишқат, ҷон!
Дар хоки қудуми ту
Бозам сари худ, осон.
Эй ёри зарафшонӣ?
Эй ёри зарафшонӣ?
Ту рафтӣ он намози шом,
Хоби шабам ҳаром шуд.
Зи ишқи нотамоми ту
Кори дилам тамом шуд.
Ҳар ҷо бошӣ, ҳар ҷо бошӣ
Доим саломат бошӣ,
Барои ман, барои худ
Дур аз маломат бошӣ.
Синаи даргирифтаам
Шарора зад, шарора зад.
Аз алами ниҳони ту
Шуълаи ошкора зад.
Ҳар ҷо бошӣ, ҳар ҷо бошӣ
Доим саломат бошӣ,
Барои ман, барои худ
Дур аз маломат бошӣ.
Рафтӣ, дилам сиёҳ шуд
Бешафақи нигоҳи ту.
Худои ман – паноҳи ман,
Худои ту – паноҳи ту!
Ҳар ҷо бошӣ, ҳар ҷо бошӣ
Доим саломат бошӣ,
Барои ман, барои худ
Дур аз маломат бошӣ.
Ман будаму ту, ҳам ҷоми бода,
Дил бурдӣ аз ман бо чашми сода.
Дилама гумраҳ кардиё
Бо дилгудозӣ.
Умрама кӯтаҳ кардиё
Мижгондарозе.
Шаб ними шаб буд, базми тараб буд,
Ҷони ғарибам дар тобу таб буд.
Дилама гумраҳ кардиё
Бо дилгудозӣ.
Умрама кӯтаҳ кардиё
Мижгондарозе.
Бо ман нишастӣ, паймон бубастӣ,
Паймона хурдӣ, паймон шикастӣ.
Дилама гумраҳ кардиё
Бо дилгудозӣ.
Умрама кӯтаҳ кардиё
Мижгондарозе.
Гуноҳатро намебахшам,
Ки саргардони худ кардию рӯгардон шудӣ аз ман.
Гуноҳатро намебахшам,
Ки дар даврони мардон ёри номардон шудӣ аз ман.
Намебахшам гуноҳатро,
Гуноҳатро намебахшам.
Гуноҳатро намебахшам,
Ки аз даргоҳи ишқи беғуборам дар ба дар рафтӣ.
Гуноҳатро намебахтам,
Ки аз гулҳои рангини баҳорам бехабар рафтӣ.
Намебахшам гуноҳатро,
Гуноҳатро намебахшам.
Гуноҳатро намебахшам,
Ки бе ту ахтари иқболи ман дар авҷи гардун мурд.
Гуноҳатро намебахшам,
Ки бе ту дар дилам сад достони ишқи Маҷнун мурд.
Намебахшам гуноҳатро,
Гуноҳатро намебахшам.
|